Чаро Хазинаи байнулмилалии асъор ба Тоҷикистон қарз намедиҳад?
Ҳукумати Тоҷикистон тӯли панҷ соли охир ба дастрасии қарзи имтиёзноки навбатӣ аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) муваффақ шуда наметавонад.
Ба иттилои Азия-Плюс, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки Тоҷикистон барои дастгирии иқтисоди кишвар аз ХБА ба маблағи 500 миллион доллар қарзи имтиёзнок дастрас карданист, вале то ҳол ба натиҷа нарасидааст.
Бо ин ҳол ба гуфтаи Нуралиев, намояндагони ХБА, ки бо мақомоти иқтисодии Тоҷикистон моҳҳои сентябру октябри имсол дар шаҳри Душанбе музокира кардаанд, барои ихтисоси қарзи молии мавриди ниёзи кишвар шартҳое дар назар гирифтаанд, ки ислоҳоти фарогир дар низоми молӣ ва бонкии кишварро шомил мешавад.
Бархе коршиносон тӯл кашидани ҷараёни ҷудо шудани қарз ба Тоҷикистон аз ҷониби ХБА-ро ба ҳодисаи 8 соли пеш рабт медиҳанд, ки он замон ХБА ҳукуматдорони тоҷикро ба пешниҳоди «маълумоти носаҳеҳи молиявӣ» айбдор карда буд.
Нур Сафаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, муносибат миёни ХБА ва Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008 сард шуда будд, ки он замон собиқ раҳбарияти Бонки миллӣ ба Хазина дар бораи вазъъи иқтисоди Тоҷикистон маълумоти носаҳеҳ пешниҳод карда буд.
Акнун раҳбарияти кунунии БМТ дар талош мекунанд, то барномаҳои ХБА барои Тоҷикистон барқарор шаванд. Аммо барои барқарор кардани идомаи ҳамкориҳо ва дубора боз шудани хати қарзии ХБА ба Тоҷикистон, шаффофият ва ҳисоботдеҳии низомҳои бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.
Ҳамчунин мизони қарзҳои бозпардохтнашудаи Тоҷикистон ба ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар ҳоли афзоиш аст, ки ин масъала низ омили дигари дарёфт нашудани кумакҳои ҷадид ба ҳисоб меояд.