Истиқболи пуршӯр аз қаҳрамони ҷаҳон дар Тоҷикистон+тасовир
Садҳо нафар аз мардуми Тоҷикистон шомгоҳи душанбе дар маросими пуршӯри истиқбол аз Беҳрӯзи Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо ширкат карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Беҳрӯз Хоҷазода пас аз қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо душанбе шаб аз Русия ба ватан бозгашт ва бо истиқболи пуршӯру бесобиқаи мардум ва мақомоти тоҷик мувоҷеҳ шуд .
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, садҳо нафар аз дӯстдорони варзиши Тоҷикистон соатҳо мунтазири бозгашти ин қаҳрамони миллӣ буданд, багунае, ки расонаҳои хабарӣ ин шӯру иштиёқи мардумро барои мақомот ғайримунтазира эълом карданд .
Беҳрӯз Хоҷазода, самбокори ҷавони тоҷик пас аз 42 сол, қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов, самбокори тоҷикро такрор кард ва унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.
Бо эҳтисоби тиллои Беҳрӯз Хоҷазода, гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии самбои ҷаҳон дар Сочии Русия як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд .