Ноябр 14, 2017 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои ЭКО дар Тоҷикистон

Чаҳорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО аз 27 то 29-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Эрон онлайн”, ин нишасти тахассусии серӯза баъд аз ҳафт соли вақфа бо талошу пайгирии Муассисаи фарҳангии ЭКО ва бо ҳамкории Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон ба мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо хоҳад шуд. Рӯнамоӣ аз китоб ва торнамои Маркази китобхонаҳои ЭКО, суханронӣ ва панелҳои тахассусӣ бо ҳузури устодону раисони китобхонаҳо ва боздид аз марокизи фарҳангию адабӣ аз ҷумлаи барномаҳои ин нишаст аст.

Пеш аз ин нишастҳои аввал, дувум ва сеюми раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО ба тартиб дар шаҳрҳои Теҳрон, Боку ва Анкара баргузор шуда буд.

Муассисаи фарҳангии ЭКО як ниҳоди байналмилалӣ аст, ки илова бар ҳамкории муштарак миёни кишварҳои узв бо дигар кишварҳо низ дар ҳавзаи фарҳанг, ҳунар, адаб, илм ва пажуҳиш ҳамкорӣ менамояд.