Ҳамла ба раиси ҲСДТ дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25451-Ҳамла_ба_раиси_ҲСДТ_дар_Душанбе
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта ва захмӣ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 14, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба раиси ҲСДТ дар Душанбе

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта ва захмӣ шудааст.

Қиёмиддин Азизов, яке аз фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо интишори матлабе дар сафҳаи худ дар “Фейсбук” аз ҳамлаи се нафар ба Раҳматилло Зоиров дар шаби 9-уми ноябр дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Зоиров низ бо таъйиди ин ҳамла гуфтааст, пас аз он ки нахуст зане ӯро тавҳину таҳқир кард, ҷавоне барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум ӯро хоину ватанфурӯш хонда, нафари сеюм низ бо лӯлаи оҳанин аз пушти сар ба ӯ ҳамла кард. Ба далели ин ки Зоиров дасти рости хешро барои дифоъ аз ҳамалоти ин мард сипар карда буд, бар асари заработи ворида акнун дасти росташ осеб дидааст.  Ба навиштаи ин манбаъ, онҳое, ки Зоировро мавриди ҳамла қарор додаанд, пас аз ҳамла аз маҳалли ҳодиса гурехтаанд ва чанд нафар аз кормандони БДА ва ронандагоне, ки дар наздикӣ ҳузур доштаанд, низ ба дархостҳои кумакхоҳии ӯ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ин ҳодисаро бо фаъолиятҳои сиёсии хеш муртабит дониста, аз мақомоти амнияти Тоҷикистон хостааст, то муҳоҷимонро шиносоӣ ва иллати ин иқдоми ноҷавонмардонаро мушаххас намоянд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон баррасии ин моҷароро оғоз кардаанд.

Пеш аз ин ҳамалоти мушобеҳе ба чеҳраҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Маҳмадалӣ Ҳаит, масъулони вақти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои 2011 ва 2013 ба захмӣ ва бистарӣ шудани онон анҷомид, аммо таҳқиқоти мақомоти пулис барои ёфтани нафароне, ки онҳоро латукӯб карда буданд, ба ҷое нарасид.