Боздошти ду корманди Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ
(last modified Wed, 15 Nov 2017 08:48:10 GMT )
Ноябр 15, 2017 13:48 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду корманди Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ

Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ду тан аз бозрасони Вазорати умури дохила дар ноҳияи Ҳамадониро боздошт кард.

Дафтари матбуоти ин ожонс иттиҳоми ин ду нафарро гирифтани ришва эълом кардааст.

Гуфта шудааст, ин ду бозрас ба номҳои Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов чанде қабл фардеро ба иттиҳоми иртикоби дуздӣ боздошт ва бо ваъдаи хатми парвандаи вай, аз ӯ талаби ришва карда буданд.

Маблағи ришва ҳашт ҳазор сомонӣ, ҳудуди 1000 доллар муқаррар шуда буд, ки муттаҳамон ҳангоми дарёфти панҷ ҳазор сомонӣ дастгир шуданд.

Нисбати ин ду корманди боздоштшудаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.