Кашфи маводи мунфаҷира дар кӯҳистонҳои шимоли Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25481-Кашфи_маводи_мунфаҷира_дар_кӯҳистонҳои_шимоли_Тоҷикистон
Дар кӯҳистонҳои водии Зарафшон, дар вилояти Суғд наздик ба панҷ килограмм маводи мунфаҷира аз навъи тротил (TNT) кашфу мусодира шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 16, 2017 11:12 Asia/Dushanbe
  • Кашфи маводи мунфаҷира дар кӯҳистонҳои шимоли Тоҷикистон

Дар кӯҳистонҳои водии Зарафшон, дар вилояти Суғд наздик ба панҷ килограмм маводи мунфаҷира аз навъи тротил (TNT) кашфу мусодира шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз кашфи ин миқдор маводи мунфаҷира дар дохили як кӯлбор (борхалта) дар наздикии ҳавзи мавсум ба “Ҳушёрӣ”, аз маҷмӯаи ҳавзҳои ҳафтгонаи ҷамоати Шинг, дар ноҳияи Панҷакент хабар додаанд.

Ин кормандон гуфтаанд, ки ҳамроҳ бо ин маводи мунфаҷира абзорҳои мавриди ниёзе назири чошниву нахҳои оташ задани ин мавод аз роҳи дур низ кашфу мусодира шудааст. Коршиносони маводи мунфаҷира пас аз баррасии муҳтавои ин кӯлбор эълом кардаанд, ки маводи мунфаҷира солиму қобили истифода аст.

Мақомоти интизомии ноҳияи Панҷакент низ гуфтаанд, ки ба дунболи шиносоии омили ҷосозии ин кӯлбор дар кӯҳистонҳои наздики ҳавзи “Ҳушёрӣ”-и минтақаи Шинг ҳастанд.

Ҳанӯз ҳадафи пинҳон кардани ин миқдор маводи мунфаҷира мушаххас нест, аммо дар мавориде дар рӯдхонаҳову ҳавзҳо дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон моҳигирон барои гирифтани моҳӣ аз маводи мунфаҷира, аз ҷумла тротил истифода мекунанд.

Кормандони идораи полиси минтақа ба дунболи пайдо кардани сарнахҳое дар ин моҷаро ҳастанд.