Тасвиби тарҳи будҷаи Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2018 дар Парлумон
(last modified Thu, 16 Nov 2017 06:40:36 GMT )
Ноябр 16, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тарҳи будҷаи Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2018 дар Парлумон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии будҷаи ҳукумати ин кишварро барои соли 2018 тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, Абдусалом Қурбониён, вазири молия ҳангоми ироаи тарҳи пешниҳодии будҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2018 ба Маҷлиси намояндагон гуфт, 21 миллиарду се миллион сомонӣ барои бахши даромади будҷаи давлатии ин кишвар дар соли 2018 пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо будҷаи имсол ҳафтуним дарсад бештар аст.

Вай таъкид кард, барои бахши ҳазинаи будҷаи Ҳукумати Тоҷикистон 21 миллиарду 337 миллион сомонӣ дар назар аст, ки касрии бахше аз маблағҳо аз ҳисоби дарёфти кумакҳои молии бархе кишварҳову ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ ва фурӯши амволи давлатӣ ҷуброн хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллӣ дар будҷаи соли 2018 –и давлати Тоҷикистон 66 миллиарду 866 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили ҳафт миллиарду 500 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, дар тарҳи будҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2018 ҳазинаи бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу илм ва тандурустӣ дар муқоиса бо имсол афзоиш ёфтааст.

Дар будҷаи соли 2018 –и Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи ҳафтдарсадии мизони таваррум ва арзиши сомонӣ дар баробари доллар ба андозаи як доллар  - муодили 9 сомонӣ мадди назар аст.

Намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон пас аз баррасии тарҳи пешниҳодии будҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2018, онро тасвиб карданд.