Маҳкумияти имом хатиби як масҷид ба иттиҳоми узвият дар Салафия
Додгоҳи шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд, имом хатиби масҷиди шаҳраки Чорухдарронро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуи Салафия ба панҷу ним сол зиндон маҳкум кард.
Ба нақл аз Азия-Плюс, Илҳомиддин Абдуллоев муттаҳам аст, ки дар ин масҷид афкори гурӯҳи мамнуи Салафияро таблиғ мекардааст .
Ба гуфтаи мақомоти додгоҳи шаҳри Гулистон, вай таи солҳои 1994 то 1998 дар як маркази омӯзишҳои мазҳабӣ дар Кувайт, улуми исломиро фаро гирифта ва бо пайвастан ба гурӯҳи Салафия, дар масҷиди ҷомеи шаҳраки Чорухдарронро ба таблиғи афкори ин фирқаи ифротӣ машғул будааст .
Илҳомиддин Абдуллоев, ба ҳамроҳи чаҳор нафар аз намозгузорони ин масҷид дар сентябри имсол аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллии вилояти Суғд боздошт шуд, аммо дар бораи сарнавишти он чаҳор нафар, иттилое дар даст нест .
Таи ду соли ахир дар Тоҷикистон, даҳҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуи Салафия боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд .
Фаъолияти Салафия ба унвони созмоне ифротӣ дар солҳои 2009 ва 2014, ду бор аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнуъ ва токунун садҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳ боздошту равонаи зиндон шудаанд .
Ҳамчунин 20 нафар аз имом хатибони масоҷиди ҷомеи вилояти Суғд таи як соли гузашта, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуи Ихвонулмуслимин боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд .