Ноябр 18, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз марзи ду миллиарду 800 миллион доллар фаротар рафт

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, қарзи хориҷии кишвар дар 9 моҳи ибтидоии имсол аз 2 миллиарду 800 миллион доллар фаротар рафтааст.

Ба нақл аз сайти Авесто, ин дар ҳолест, ки дар шаш моҳи нахусти имсол мизони қарзи хориҷии кишвар ду миллиарду 300 миллион доллар эълом шуда буд, ки муодили 35.9 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд .

Он замон вазири молияи Тоҷикистон гуфта буд, ин рақам шохисе номатлуб барои Тоҷикистон аст ва сақфи ниҳоии қарзҳои хориҷӣ ба иллати савқ додани кишвар ба варшикастагӣ, набояд аз 40 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ фаротар равад .

Абдулсалом Қурбониён гуфтааст, барои бозпардохти қарзҳи хориҷии дар соли 2017 маблағи як миллиарду 700 миллион сомонӣ (муодили 220 миллион доллар) дар назар аст .

Аз сӯи дигар, ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, дар солҳои 2018 то 2020 қасд дорад, маблағи 850 миллион доллар аз ниҳодҳои молӣ ва кишварҳои хориҷӣ қарз дарёфт кунад .

Тибқи ин барнома дар соли 2018, ба мизони 196 миллиону 500 ҳазор доллар, дар соли 2019 ба мизони 295 миллиону 900 ҳазор доллар ва дар соли 2020 низ 354 миллиону 700 ҳазор доллар қарз дарёфт хоҳад шуд .