Ноябр 18, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Чиниҳо ба думболи таъсиси корхонаи алюминий дар Тоҷикистон

Раиси бахши иттилоот ва таҳлилии "Ширкати алюминии тоҷик" (ТАЛКО) аз эҳдоси як корхонаи алюминии ҷадид дар ин кишвар, тавассути ширкати чинии "Yunnan" хабар дод.

Игор Сатторов гуфт, ин корхонаро ширкати чинии "Yunnan" хоҳад сохт. Тавофуқ дар ин бора дар раванди охирин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҳосил шуда буд.

Вай афзуд, ки ширкати чинӣ то кунун баррасиҳои имконсанҷии иқтисодии ин тарҳро анҷом дода ва акнун онро таҳия ва такмил мекунад.

Игор Сатторов афзуд, ки ширкати чинӣ то кунун баррасиҳои имконсанҷии иқтисодии ин тарҳро анҷом дода ва акнун онро таҳия ва такмил мекунад.

Вай гуфт, сохтусози ин корхона, ки 1,6 миллиард доллар арзиш дорад, дар соли 2018 оғоз мешавад ва қарор аст дар яку ним сол сохта шавад. Тавони тавлидии корхонаи нав 503 ҳазор тон алюминии хом дар сол дар назар гирифта шудааст. Ин корхона ҳамчунин коргоҳи рехтагарӣ барои тавлиди 800 ҳазор тон фароварда дар сол ва коргоҳи анодӣ барои тавлиди 300 ҳазор тон фароварда низ хоҳад дошт.

Сатторов ёдоварӣ кард, ки чунин корхона, ки дар онҳо навтарин дастовардҳои фанноварии тавлиди алюминий ба кор гирифта шуда бошанд, дар саросари ҷаҳон танҳо сето аст, ки ҳама дар Чин сохта шудаанд.

Бо роҳандозии корхонаи нави алюминий барои 1100 кас кор офарида хоҳад шуд, ки музди корашон ҳам боло хоҳад буд.

Тоҷикистон қасд дорад, тавлидоти алюминий дар солҳои ояндаро ба як миллион тон бирасонад.