Ноябр 19, 2017 21:15 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон таи суханронӣ дар маросими таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии кишвар дар Хуҷанд, ки роҳи ба қудрат расидани вайро ҳамвор кард, ин нишастро дорои аҳаммияти торихӣ хонд.

Ба нақл аз сайти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, гуфтааст, ки баргузории Иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд заминаи поён додан ба даргириҳои дохилӣ дар кишварро фароҳам кард .

Вай таъкид кардааст, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар  шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода, 1 миллион нафар овора ва ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд ва иқтисоди кишвар мутаҳаммили 10 миллиард доллар зарар гардид .

Аз ин рӯ, барои поён додан ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ниёз ба 4 соли музокироти сулҳ, баргузории 9 даври гуфтугӯҳо бо мухолифони вақт ва тасвиби 40 санад вуҷуд дошт, ки заминаи барқарории сулҳ фароҳам гардид, ки дар торихи 27 июни соли 1997 дар Маскав тарафҳо созишномаи оштии миллиро имзо карданд .

Раҳмон гуфтааст, ки аз соли 2000 Тоҷикистон вориди марҳалаи рушди иқтисодӣ шуд, ки муҷиби афзоиши бахши даромадии буҷети ҳукумат аз 250 миллион сомонӣ дар он сол ба 21 миллиард сомонӣ дар соли ҷорӣ гардид ва аз ин рӯ, таи ин муддат мизони фақр низ аз 83 дарсад ба 30 дарсад расид .

Вай дар бахши дигаре аз суханронии худ дар ин нишаст бо ишора бар зарурати ҳифзи амнияту оромиш дар ҷомеа, дур нигаҳ доштани насли ҷавон аз таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, масъулони Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро ба надоштани эҳсос ва ғурури миллӣ ва роҳандозии ҷанги дохилии кишвар таии солҳои 1992 то 1997 муттаҳам кард .