Ноябр 20, 2017 10:11 Asia/Dushanbe
  • Пахши матни китобҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз радиоҳо

Кумитаи давлатии “Радио ва телевизиони Тоҷикистон” ба тамоми шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусии ин кишвар дастур додааст, ки пахши савтии матни китобҳои раисиҷумҳури Тоҷикистонро оғоз кунанд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, мақомоти ин кумита ҳадаф аз ин иқдомро иртиқои сатҳи худшиносӣ ва миҳандӯстии мардум унвон мекунанд, ки мунтақидон ин барномаро таблиғи парастиши шахсият ва ҷоплусӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон медонанд.

Аз ин рӯ, масъулони радиои давлатии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки барои ин кор аз садои 20 муҷрии машҳур истифода ва тамоми матнҳои китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба шакли савтӣ забт ва барои пахш ба шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусии ин кишвар ироа кунанд. Ин матолиб шомили китобҳое ҳам мешаванд, ки дар бораи шахсияти раисиҷумҳури Тоҷикистон навишта шудаанд.

Аммо Мурод Муҳаммадшооев, рӯзноманигори мустақили тоҷик гуфтааст, ки пахши савтии матни китобҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тариқи радиоҳои давлатӣ ва хусусии ин кишвар ёдоварӣ кунандаи мероси даврони Шӯравӣ мебошад. Зеро дар даврони Шӯравӣ, мардум наметавонистанд барномаҳои радиоҳои хориҷиро бишнаванд, ки имрӯз бо пайдо шудани Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, наметавон аз дастрасии мардум аз манбаҳои иттилоърасонӣ ҷилавгирӣ кард. Дар ҳоле, ки пахши савтии матни китобҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тамоми радиоҳои давлатӣ ва хусусии ин кишвар, иқдоми як навохт ва такрорӣ хоҳад буд, ки шунавандаҳоро аз радио дӯр мекунад.