Ноябр 20, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси Маҷлиси Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои поини бознишастагӣ дар ин кишвар

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз мизони ночизи ҳуқуқҳои бознишастагӣ дар ин кишвар ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши сойти нашрияи парлумонии “Садои мардум”, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ки зиндагӣ дар Тоҷикистон барои афроди бознишаста бо ҳуқуқи моҳиёна 200 сомонӣ, ғайриқобили тасаввур мебошад.

Вай таъкид кардааст, ки бояд дар Тоҷикистон барномаи иштиғолзоӣ, амалӣ шавад, ки шаҳрвандони ин кишвар битавонанд моҳиёна 2 ҳазор сомонӣ ҳуқуқ дарёфт кунанд, ки дар замони бознишастагӣ заминаи таъмини ин афрод бо ҳуқуқи нисбатан боло фароҳам гардад. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси қавонини иҷтимоии Тоҷикистон, мизони ҳуқуқи бознишастагии шаҳрвандони ин кишвар аз ҳисоби ҳуқуқи 2 соли ахири ин афрод ва тақсими он ба 120 моҳ ва ба мизони 1 дарсад аз маблағе, ки ба сандуқи бознишастагӣ вориз мегардад, муқаррар мегардад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 660 ҳазор нафар ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт мекунанд, ки миёнгини он 270 сомонӣ (муодили 30) доллар мебошад. Ин мизон ҳуқуқи бознишастагӣ, поинтарин шохис дар қаламрави пасо Шӯравӣ ба ҳисоб меояд.

Иқтисоддонони тоҷик мӯътақиданд, ки меъёрҳои таъйини ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон бар асоси қавонини кишварҳои пешрафта таъйин шудааст, ки ғайриқобили пазириш мебошад. Зеро дар он кишварҳо шаҳрвандон ҳуқуқҳои боло дарёфт мекунанд ва ҳуқуқи бознишастагии ин афрод низ мутаносиб бо дастмузди онон муқаррар карда мешавад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон, ки шаҳрвандонаш дастмуздҳои поин дарёфт мекунанд, меъёри муҳосиботи ҳуқуқи бознишастагӣ, посухгӯи ниёзи мардум нест. Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки мизони феълии ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон натиҷаи кори номуваффақи дастандаркорони барномаи ислоҳоти қонунҳои ҷадиди иҷтимоӣ дар ин кишвар мебошад, ки воқеиятҳои зиндагии мардум, мизони таваррум ва рушди иқтисодии ин ҷумҳуриро дарназар нагирафтаанд.