Ноябр 21, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди афсари диишии рус аз Тоҷикистон ба Маскав

Мақомоти қазоии Тоҷикистон афсари собиқи артиши Русия ва узви ДИИШ-ро, ки ба Душанбе истирдод шуда буд, ба Маскав интиқол доданд.

Ба нақл аз сайти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, мақомоти ин вазоратхона эълом кардаанд, ки капитан Денис Ҳисамови 34 сола афсари собиқи артиши Русия ва дорандаи дараҷаи доктории улуми фанновариро, ки Туркия ба Душанбе таҳвил дода буд, ба Маскав истирдод кардаанд .

Ҳисамов, ки бо гузарномаи ҷаълии шаҳрвандии Тоҷикистон вориди Сурия шуда буд, як моҳ қабл ҳангоми бозгашт аз ин кишвар ба дасти полиси Туркия боздошт ва ба далели доштани гузарномаи тоҷикӣ ба Душанбе мунтақил шуда буд .

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин афсари боздоштшуда дар асл шаҳрванди Русия ва низомии собиқи вазорати дифои ин кишвар аст, ки танҳо ба далели доштани гузарномаи ҷаълии тоҷикӣ ба Душанбе мунтақил шуда буд .

Капитан Денис Ҳисамов мутаваллиди шаҳри Краснодар дар ҷануби Русия аст, ки дар соли 2015 аз тариқии гузарномаи ҷаълӣ шаҳрвандии Тоҷикистонро дуруст карда ва вориди қаламрави Сурия шудааст .

Гуфта мешавад, ин афсари рус, ки дар даврони таҳсилаш дорои истеъдоди фавқулода буда ва дар соли 2005 дар риштаи ҳифозат аз фанновариҳои иттилоърасонӣ муваффақ ба дарёфти дараҷа докторӣ шудааст, барои раҳоӣ аз қарзи молӣ ба гурӯҳи ДИИШ пайваста ва ба Сурия рафтааст .