Ноябр 21, 2017 12:51 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи ду миллион тонна ангишт дар Тоҷикистон то поёни имсол

Ширкати давлатии ангишти Тоҷикистон эълом кардааст, ки то поёни имсол истихроҷи ин моддаи сӯхтӣ дар кишвар ба ду миллион тонна хоҳад расид.

Ба нақл аз сайти ширкати давлатии ангишти Тоҷикистон, то рӯзи даҳуми ноябри имсол як миллиону 532 ҳазор тонна ангишт дар кишвар истихроҷ шудааст ва интизор меравад, то поёни имсол ин шохис ба ду миллион тонна бирасад .

Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 345 ҳазор тонна бештар шудааст .

Соли 2016 дар Тоҷикистон истихроҷи ангишт ба як миллиону 300 ҳазор тонна расид, ки дар торихи Тоҷикистон рекорд маҳсуб мешавад .

Истихроҷи ангишт аз маодини Тоҷикистон ба унвони муҳимтарин сӯхти мавриди истифода дар саноеи ин кишвар дар солҳои ахир афзоиши қобили мулоҳизае доштааст.

Манобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯянд, захоири ангишти кишвар беш аз чаҳор миллиарду 500 миллион тонна баровард шуда, ки мизони қобили истихроҷи он беш аз 320 миллион тонна аст .

Ба далели набуди гази табиии дохилӣ ва қатъи содироти ин навъи сӯхт аз Узбакистон ба Тоҷикистон, акнун беш аз 200 корхонаву маркази тавлидӣ ва бахши хонагӣ дар манотиқи рустоӣ дар кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд .

Тибқи ин гузориш, бо афзоиши тавлиди ангишт дар Тоҷикистон дар соли 2020 афзун бар таъмини ниёзи дохилии кишвар, заминаи содироти ин навъи сӯхт ба хориҷ низ фароҳам хоҳад шуд .

Дар Тоҷикистон аз захоири бузурги ангишт дар майдонҳои Фон–Яғноб, Шӯроб дар вилояти Суғд, Назарайлоқ дар водии Рашт, Зидеҳ дар шимоли шаҳри Душанбе ва Сайёд дар дарраи Ромити ноҳияи Ваҳдат истифода ме‌‌шавад .