Оғози додгоҳи пизишки муттаҳам ба салафигарӣ дар Хуҷанд
Дар шаҳри Хуҷанд нахустин ҷаласаи додгоҳи баррасии парвандаи пизишке, ки муттаҳам ба узвият дар фирқаи мамнуи Салафия аст, оғоз шуд.
Ба нақл аз манобеи хабарии Тоҷикистон, ҳамроҳ бо Абдулмалик Саломов ду нафари дигар низ ба унвони мазнун ба фаъолият дар гурӯҳи Салафия дар ин додгоҳ муҳокима мешаванд .
Абдулмалик Саломов, ки аз ӯ ба унвони ҷарроҳи варзидаи қалб ном бурда мешавад, сентябри гузашта дар шаҳри Хуҷанд ба дасти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон боздошт шуд .
Мақомот гуфтаанд, ки вай дар маҳофили салафиҳо маъруф ба Оши Палав ҳузур доштааст, аммо бастагони Саломов ин иттиҳомро рад мекунанд .
Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҷарёни ифротии Салафияро ду бор дар солҳои 2009 ва 2014 мамнуъ эълом кардааст .