Август 18, 2016 13:34 Asia/Dushanbe
  • Дагузашти ду узви зиндонии Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон

Ду узви зиндонии Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндон фавт карданд.

Ба гузориши сойти ТоҷИнфо, раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва яке аз фаъолони ин гуруҳ дар ноҳияи Тавилдарра, ки давраи маҳкумияти худро дар зиндон сипарӣ мекарданд, ахиран ҷони худро аз даст доданд.

Қурбон Маннонови 75 сола, ки  қаблан дар мақоми масъули Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Норак фаъолият мекард ва дар соли 2015 ба ҳамроҳи 12 нафар аз афроди дигар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористӣ ба зиндони тулонӣ маҳкум шуда буд, фавт кард.

Ҳамчунин Нозимҷон Ташрипови 45 узви Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар соли 2015 ба иттиҳомоти мушобеҳ ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буд, дар зиндоне мавсум ба "Корхонаи хишт", воқеъ дар шаҳри Ваҳдат даргузашт.

Раёсати олии Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ бо интишори баёнияе, далели даргузашти ин ду нафарро шиканҷа ва бадрафторӣ бо онон дар зиндон унвон карда ва тавваҷуҳи созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башарӣ ба авзоъи зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар ва водор кардани ин ҷумҳурӣ ба иҷрои тааҳҳудоташ дар қиболи риояти ҳуқуқи боздоштшудагон ва зиндониёнро хостор шудааст.