Ноябр 21, 2017 19:33 Asia/Dushanbe
  • Баррасии пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Авруосиё

Вазири умури хориҷии Русия аз баррасии узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар дидор бо донишҷӯёни Академияи дипломатии Озарбойҷон гуфт, мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҳоли баррасӣ аст. Лавров ҳамчунин гуфт, Маскав аз пайвастани Озарбойҷон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё низ истиқбол хоҳад кард. Вазири хориҷии Русия гуфт, Иттиҳоди Аврупо аз барқарории равобиту ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё худдорӣ мекунад ва ин мавзӯъ ба зиёни ҳарду тараф аст.

Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳамакнун аз кишварҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст. Маҷмӯи масоҳати кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё беш аз 20 миллион километри мураббаъ, ҷамъияти он беш аз 180 миллион нафар ва тавлиди нохолиси дохилии он дар соли 2013 ҳудуди чаҳор ҳазор миллиард доллар (бар асоси меъёри баробари қудрати харид) аст.