Боздошт ва истирдоди Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 22 Nov 2017 05:18:47 GMT )
Ноябр 22, 2017 10:18 Asia/Dushanbe
  • Боздошт ва истирдоди Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ба Тоҷикистон

Бархе манобеи хабарӣ аз боздошт ва истирдоди Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни машҳури даҳаи 1990 тоҷик маъруф ба Эшони Қиёмиддин аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Душанбе хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, вай дар шаби 20 ноябри соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Истамбули Туркия ба Санкт-Петербурги Русия, дар фурудгоҳи "Пулково" боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ҳанӯз дар бораи иллати боздошти ин рӯҳонии машҳури тоҷик ҳеҷ иттилое дар даст нест, ки аз чӣ замоне ва бар асоси чӣ иттиҳоме, мақомҳои қазоии Тоҷикистон алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд.

Сайид Қиёмиддини Ғозӣ бо суханрониҳои пуршӯри худ дар тазоҳуроти мардумӣ дар солҳои 1991 ва 1992 Тоҷикистон нақши пурранге дошт; Тазоҳуроте, ки бар асари рӯёрӯии неруҳои сиёсии ин кишвар, мунҷар ба оғози ҷанги дохилӣ шуд.

Вай яке аз масъулони ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки дар замони ҷанги дохилии ин кишвар ба Афғонистон муҳоҷират кард.

Сайид Қиёмиддини Ғозӣ пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар поёни ҷанги дохилии панҷсола ва фаъолият дар Комиссияи оштии миллӣ дар соли 2000, ба далоили номаълум равобити худро бо ин ҳизб қатъ кард ва тайи 20 соли гузашта ҳеҷ мавзеи интиқодӣ дар баробари ҳукумати Тоҷикистон нагирифтааст.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар бораи иллати боздошт ва истирдоди Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ба ин кишвар ҳанӯз иттилоияе мунташир накардаанд.