Ноябр 22, 2017 12:06 Asia/Dushanbe
  • Пардохти ҳуқуқ: Дархости кормандони ширкати “Умед 88”

Наздик ба 100 нафар аз кормандони ширкати сӯхтрасони “Умед 88” аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки барои дарёфти дастмуздҳои хеш аз ин ширкат мусоидат кунанд.

Ба гузориши сойти “Азия Плюс”, ин афрод муддаӣ шудаанд, ки тайи 3 моҳи ахир дастмузд дарёфт накардаанд ва мудирияти ширкати “Умед 88”, бояд ҳуқуқҳои ононро пардохт намояд.

Аммо бастагони Раҷабалӣ Одинаев, мудири зиндонии ширкати “Умед 88”  мегӯянд, ки чигуна мешавад ҳуқуқ ва дастмузди ин кормандонро пардохт кард, ки амвол ва дороиҳои ин ширкат мусодира ва ҳисобҳои бонкиаш масдуд шудааст. Ҳамчунин Абубакр Қулмуҳаммадов, вакили мудофеи масъулони боздоштшудаи ширкати “Умед 88”  гуфтааст, ки аз замони боздошти ин афрод, танҳо 3 бор муҷавизи мулоқот бо зерҳимояашро дарёфт кардааст. Вале ин мулоқотҳо дар ҳузури кормандони боздоштгоҳи ВКД баргузораш шудааст, ки муғойр бо қавонини ҳуқуқи ин ҷумҳурӣ мебошад. Зеро вакили мудофеъ ҳаққ дорад бо зерҳимояаш дар танҳоӣ мулоқот кунад.

Вай таъкид кардааст, ки то замони боздошти мудир ин ширкат маблағ 33 миллион сомонӣ аз маҷмуи қарзи 172 миллион сомонӣ ба Ҷамъияти саҳомии хосси неругоҳи барқӣ обии “Роғун” пардохт шуда буд. Аз ин рӯ, имрӯз ҳам Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов, мудир ва муовини боздоштшудаи ширкати “Умед 88”  мегӯянд, дар сурати озодии машрут, метавонанд аз ҳисоби фурӯши амволи ин ширкат, бақияи қарзҳои 172 миллион сомонӣ ба  неругоҳи барқӣ обии Роғунро пардохт кунанд.

Ожонсии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, раиси ширкати таъмини сӯхт “Умед 88”- ро ба ҳамроҳи муовин ва чаҳор мақоми масъули ин ширкат, боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла ҶСК “Роғун”-ро ворид кардааст.

Ин афрод пас аз интиқоди шадиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз бозпардохт нашудани қарзҳои ширкати “Умед 88” ба Ҷамъияти саҳоии “Роғун”, боздошт шуданд.