Ноябр 23, 2017 13:21 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли Ҳинд барои ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон

Бонки содирот ва воридоти Ҳинд – “Эксим Бонк” тамоюли худро барои ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон эълом кардааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, Равиндранат Менон дар дидори ахири худ бо мақомоти Бонки милли Тоҷикистон гуфт: Ин бонк омодаи ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон дар заминаи сармоягузорӣ дар бахшҳои тавлидӣ аст.

Раиси Бонки содирот ва воридоти Ҳинд афзуд: Ҳамакнун роҳҳои ҳамкорӣ бо Спитаменбонк ва Ориёнбонки Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст.

Равиндранат Менон таъкид кард: Бонки содирот ва воридоти Ҳинд метавонад ба унвони яке аз бонкҳои эътокунанда эътибороти молӣ барои ширкатҳои тавлидии кишварҳои Тоҷикистон ва Ҳинд, ки дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд, хадамотрасонӣ кунад.

Бонки содирот ва воридоти Ҳинд дар соли 1982, бо ҳимояти давлати ин кишвар ва бо ҳадаф кумак ба корофаринони дохилӣ ва пуштибонӣ аз тиҷорати хориҷӣ таъсис шуд.