Ноябр 23, 2017 13:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ронандагон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тамоми ронандагони васоили нақлия ҳушдор додааст, то аввал декабри имсол шаҳодатномаи ронандагии қадимии худро бо шаҳодатномаи ронандагии биометрии ҷадид ва рақами қайди давлатии мошини худро бо шумора нави стандарт иваз кунанд.

Дар эъломияи Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоста шуда то он замон ба шӯъбаҳои бозрасии автомобилии маҳалли иқомати худ барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва шумораи қайди давлатии мошинҳои худ  муроҷиа кунанд.

Тибқи нархномаи Ожонси зиддиинҳисорӣ дар Тоҷикистон, ҳазинаи иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ 337 сомонӣ ва шумораи қайди давлатии мошин 426 сомонӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз шаҳрвандон ин иқдомро "касби даромад аз роҳи фурӯши ҳуҷҷатҳо" меноманд.