Ноябр 25, 2017 12:22 Asia/Dushanbe
  • Сафари як мақоми низомии амрикоӣ ба Тоҷикистон

Фармондеҳи амрикоӣ қарор аст, 27-29 ноябр аз Тоҷикистон боздид кунад ва бо масъулини кишварӣ ва низомӣ дидор кунад.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, муовини фармондеҳи нерӯҳои заминии Ситоди марказии артиши Амрико сипаҳбад Теренс Мак Кенрик бо сафаре серӯза аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.

Дар ин дидорҳо масоили ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Амрико, вазъ дар Афғонистон, мубориза бо теруризми байнулмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ мешавад.

Чанд солест, ки Ситоди марказии артиши Амрико барои низомиён, кормандони кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон давраҳои омӯзишии мухталиф баргузор мекунад.

Ҳамчунин бар асоси барномаи муштараки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Амрико, размоишҳои муштараки низомии миёни низомиёни ин ду кишвар дар хоки Тоҷикистон баргузор мешавад.