Дидори дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳамтои рус дар Маскав
Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев масоили ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва созмонҳои вижаи ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Спутник, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо ҳамтои русияш Николай Патрушев дар Маскав дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор дабирони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия чанд санад ба манзури густариши ҳамкориҳои амниятӣ имзо кардаанд.
Тарафҳо густариши ақидаҳои тундравонаи диниро таҳдиди аслӣ бар амнияту субот дар Осиёи Марказӣ донистанд.
Ин дидор дар ҳошияи панҷумин нишасти солонаи дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав баргузор шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев чанде пеш аз Тоҷикистон боздид карда буд. Вай дар ин сафар бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор карда ва ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили амниятиро баррасӣ намуда буд.