Ноябр 26, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди солона 300 трактори Беларус дар Тоҷикистон

Бо роҳандозии корхонаи монтажи тракторҳои Беларус дар шаҳраки Ҳисори Тоҷикистон, солона заминаи тавлиди 300 адад аз ин таҷҳизоти мавриди ниёзи бахши кишоварзӣ дар ин кишвар фароҳам шуд.

Ба гузориши сойти сафорати Беларус дар Душанбе, ин корхона, ки бо сармоягузории муштараки ин кишвар ва Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор (20 километрии ғарби Душанбе), дар масоҳати 1 ҳазору 600 метри мураббаъ сохта шуда, ки аз зарфияти монтажи 300 адад трактор дар сол бархӯрдор мебошад.

Таҷҳизоти насб шуда дар ин корхона, имкони тавлиди тракторҳои “Беларус 80” ва “Беларус 82”-ро фароҳам месозад, ки ба тадриҷ ба зарфияти арзаи 300 адад аз ин таҷҳизот дар сол хоҳад расид. Бахши кишоварзии Тоҷикистон ба далели кӯҳна ва фарсуда шудани мошинолоти кишоварзӣ, ба шиддат ба навсозии таҷҳизот ниёз дорад, ки бо роҳандозии ин корхона заминаи таъмини ин навъ васоил фароҳам хоҳад шуд.

Ҳамчунин Вазорати санъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон умедвор аст, ки битавонад бахше аз ин тракторҳоро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.