Ноябр 26, 2017 12:00 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар Мисрро маҳкум кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо маҳкум кардани ҷинояти террористҳо дар ҳамла ба намозгузорони ҷумъа дар минтақаи Синои Миср, дар паёме ба раисиҷумҳур ва мардуми ин кишвар изҳор ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи ҳодисаи хунини ҳамлаи террористӣ ба масҷиде дар Миср, Эмомалӣ Раҳмон барои Абдулффатоҳ Сисӣ, раисиҷумҳурии Миср паёми таслият ирсол кард.

Дар ин паём омадааст: “Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо мардуми осоишта бар асари ҳамлаи золимона ба яке аз масҷидҳо дар шимоли нимҷазираи Сино боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.

Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум менамоем ва бар онем, ки воқеияти имрӯза муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштараку беамон бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ  тақозо менамояд.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Миср изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.

Инфиҷори бомб ва тирандозии 24 ноябр дар намози ҷумъа дар устони Синои  Миср, дастикам 305 кушта аз ҷумла 27 кӯдак ва 128 захмӣ барҷо гузошт.

Гурӯҳи мавсум ба “Ансори Байтулмуқаддас”, вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.