Таҳлилгари рус: Муҳоҷирон дар кишварҳои худашон ифротӣ мешаванд
Таҳлилгари рус гуфт, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ на дар Русия балки дар кишварҳои худашон ба гурӯҳҳои террористӣ гароиш меёбанд.
Ба нақл аз Спутник, Николай Платников, мудири маркази ахбори таҳлилӣ ва илмии вобаста ба пажуҳишгоҳи ховаршиносии фарҳангистони улуми Русия дар нишасти хабарӣ бо унвони “Авомили гароиши коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ” дар Маскав таъкид кард, ки коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ватани хеш ба гурӯҳҳои ифротӣ тамоюл пайдо мекунанд .
Вай бо радди иддаои бархе мақомоту коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ мабнӣ бар инки коргарони муҳоҷири ин минтақа дар Русия ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷазб мешаванд, гуфтааст, ки бекорӣ, фақр, фосилаи табақотӣ ва надоштани дониши саҳеҳи исломӣ муҷиби гароиши ҷавонони то 20 соли кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ мешавад .
Ба гуфтаи Платников, қишри ҷавон мехоҳад, ки бидуни заҳмат ва як шаба молики хона, мошин ва дигар имконоти зиндагӣ шавад, ки мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ низ аз ин ангезаи ҷавонон истифода мекунанд .
Ин таҳлилгари рус гуфтааст, агар ҷавонон дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон кори муносиб медоштанд, маҷбур намешуданд, барои пайдо кардани шуғл ба Русия муҳоҷират кунанд .
Натоиҷи назарсанҷӣ, ки фарҳангистони улуми Рӯсия барои пай бурдан ба далоили гароиши коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба гурӯҳҳои террористӣ иҷро кардааст, нишон медиҳад, ки маҳз ангезаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ношӣ аз бекорӣ ва фақр дар канори бебаҳра будани коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ аз дониши дурусти исломӣ муҷиби гароиши онон ба гурӯҳҳои ифротӣ мешавад .