Интишори намоишномаи Назаркарда дар бораи Эмомалӣ Раҳмон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26021-Интишори_намоишномаи_Назаркарда_дар_бораи_Эмомалӣ_Раҳмон
Дар Тоҷикистон дар бораи раисҷумҳури кишвар нахустин асари театрӣ таҳия шуд, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 28, 2017 11:45 Asia/Dushanbe
  • Интишори намоишномаи Назаркарда дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон дар бораи раисҷумҳури кишвар нахустин асари театрӣ таҳия шуд, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба иттилои Спутник, Абдуғаффор Абдуҷаббор, ки ширкаткунандаи Иҷлосияи 16 Шӯрои олии Тоҷикистон будааст, мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёми таърихиро аз нигоҳи дарки бадеии воқеаҳо ба риштаи тасвир кашидааст.

Абдуғаффор Абдуҷаббор, нависандаи пйеса тарҷумон ва драматург аст.

Ин намоишнома, як марҳилаи таърихи муосири Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1992, яъне ба мансаби Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон то моҳи октябри соли 1997-ро инъикос кардааст.

Гуфта мешавад, ин асари театриро нашриёти “Адиб” бо теъдоди 1000 нусха мунташир кардааст.