Масъули IRS: Роҳи Душанбе-Чаноқ аслан баста набуд
Далер Мерганов мегӯяд, тайи рӯзҳои охир ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ мунтазам идома меёфт, аммо танбашавии мошинҳои боркаш дар назди нақби “Истиқлол” чанд муддат монеаи ҳаракат шуд.
Ба иттилои Спутник, Далер Мерганов-як масъули дафтари матбуотии ширкати IRS мегӯяд, мушкилие, ки рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба миён омад, пурра бартараф шудааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Мерганов, роҳи Душанбе-Чаноқ аслан баста набуд. Камтар танбашавӣ ба вуҷуд омад, ки шуруъ аз дируз пурра бартараф шуд ва ҳоло ягон мамоният вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи масъули ширкат, далели танбашавӣ ҳаракати бидуни омодагии бархе аз ронандагон будаст.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Тоҷикистон рӯзи гузашта хабар доданд, ҳаркат дар қисме аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз шоми 26-уми ноябр, пас аз боришоти барфи аввал дар Тоҷикистон, муваққатан қатъ шуд.