Коршиноси тоҷик: Касби илм роҳи муқобила бо ифротгарӣ
Корманди аршади Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтааст, ки ин маркази илмӣ барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ барномаи мудавванеро таҳия кардааст, ки метавонд дар ин амр кумак кунад.
Ба гузориши сойти “Спутник”, доктор Абдунабӣ Сатторзода гуфтааст, ки ҳангоми баррасии мавзуи авомили гароиши насли ҷавон ба гурӯҳҳои террористӣ танҳо масоили иқтисодӣ, маишатӣ назири бекорӣ ва фақрро набояд ба унвони умдатарин далелҳои ин иқдом маддиназар қарор дод. Зеро яке аз далоили аслии гароиши насли ҷавони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар баробари бекорӣ ва фақр, надоштани дониши саҳеҳи исломии ин афрод ба ҳисоб меояд. Ба ин далел, ки баррасии иллатҳо ва омилҳои гароиши насли ҷавони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ нишон медиҳад, ки набуди дониши исломии саҳеҳ мӯҷиб мешавад, ки ин афрод ва бавижа коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, ба доми фиреби мубаллиғони ин созмонҳо гирифтор шаванд. Аз ин ру, афроде, ки аз Ислом иттилои дурусте надоранд, таҳти таъсири таблиғоти интернетии гурӯҳҳои террористӣ қарор мегиранд ва чунин мепиндоранд, ки танҳо онон мусулмон мебошанд ва ҳар фарде, ки андешаҳои ононро напазирад бояд эъдом шавад, ки ин навъ нигариш чӣ фоҷиаҳоеро дар Сурия ва Ироқ ба бор овард ва ба чеҳраи сулҳ дӯстии дини Ислом чӣ зиёнҳое ворид кард.
Доктор Абдунабӣ Сатторзода гуфтааст, ки барои муқобила бо андешаи такфирии гурӯҳҳои террористӣ бояд, ҷавонони тоҷик омӯзишҳои саҳеҳи исломиро фаро гиранд, то ба доми фиреби мубаллиғони ин созмонҳо наяфтанд.