Ноябр 29, 2017 22:21 Asia/Dushanbe
  • Озодии узви аршади Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Юнон

Додгоҳи олии Юнон аз раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шоҳнаими Каримро озод кард ва аз супурдани ӯ ба мақомоти Тоҷикистон даст кашид.

Ба иттилои Ахбор, раҳбари бахши дороиҳои ҲНИТ шаби 9 октябр дар фурудгоҳи Афина, пойтахти Юнон бо дастури Интерпол дастгир шуда, 51 рӯзро дар боздошт ба сар бурд.

Додгоҳи олии Юнон рӯзи 29 ноябр муҳокимаи парвандаи истирдоди Шоҳнаими Карим, раҳбари бахши молии ҲНИТ-ро ба поён оварда, аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ кард.

Фаъолони ҲНИТ бо нашри хабари раҳоии Шоҳнаими Карим дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ду созмони ҳуқуқи башари Human Rights Watch (HRW) ва Global Advocates барои таъмини ҳимояти ҳуқуқии ин узви аршади ин ҳизби мухолиф изҳори ташаккур кардаанд.

Созмони Human Rights Watch (HRW) қаблан бо нашри як муроҷиатнома гуфт, мақомоти Юнон набояд фаъоли мухолифини тоҷик Шоҳнаими Каримро ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ кунанд, чунки ӯ метавонад дар онҷо ба шиканҷа ё бадрафторӣ дучор шавад.

Исми Шоҳнаими Карим дар рӯйхати афроди таҳти таъқиби Интерпол будааст.

Шоҳнаими Карим моҳи сентябри соли 2015 аз тарси боздошт тарки Тоҷикистон карда буд.  

Ба зидди Шоҳнаими Карим дар Тоҷикистон бар асоси ду қисми моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми даъвати оммавӣ ба сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Human Rights Watch мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон аз моддаи 307 пайваста барои кушодани парвандаҳои сиёсӣ истифода мебаранд.