Ноябр 30, 2017 13:00 Asia/Dushanbe
  • Пӯшиши занони тоҷик

Дар Тоҷикистон дастуруламале таҳия шудааст, ки дар сурати тасвиб, ба ҷуз "хилъати охират", дигар намудҳои пӯшиши бонувон ва духтаронро таъйин мекунад!

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, се ниҳоди давлатӣ - Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон - дастуруламали либосҳои тавсияиро барои духтарон ва занони ин кишвар омода кардаанд, ки дар сурати тасвиби ҳукумат, тарҳи он моҳи оянда мунташир мешавад.

Ин дастуруламал ба бонувон ва духтарони ҳафт то 60 сола чигуна пӯшидани либоси миллиро тавсия медиҳад.

Сабоҳат Муҳаммадалиева масъули бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи занон ва хонаводаи назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, дастуруламали ёдшуда ба ҷуз танзими либоси занон, вобаста ба сину соли онон, тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба макон ва рӯзҳои сол ҳам танзим мекунад.

Дар 10 бахши аввали ин дастуруламал намунаи либос барои бонувоне, ки дар идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, либоси занон дар ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбе дар бахшҳои ҷудогона муайян шудааст.

Тарҳ ва намуди либоси занон ва духтарон барои гардиш дар кӯчаву хиёбон, боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ, театр ва толорҳои консерт низ бахши ҷудогонае дар ин дастуруламал дорад.

Ҳамчунин либосҳои арусӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастуруламал омадааст.