Мутавассити тӯли умри шаҳрвандони тоҷик афзоиш ёфтааст
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коҳиши маргу мири занон, кӯдакон ва афзоиши умри миёнаи мардуми ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, намояндагони ин вазорат дар нишасти баррасии ҳафтумин соли иҷроии стратегияи миллии ин кишвар барои солҳои 2010-2020, аз афзоиши умри мутавассити шаҳрвандони тоҷик хабар доданд.
Шералӣ Раҳматуллоев, cардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила дар ин нишаст гуфт, марги занон 1.8 дарсад ва марги кӯдакон 2.7 дарсад дар панҷ соли ахир дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.
Вай идома дод, ин мавзӯ бо афзоиши кайфияти хадамоти беҳдоштӣ ва дастёбӣ ба фанновариҳои ҷадид ва муосир муртабит аст.
Дар ин нишаст, ҳамчунин ба коҳиши бемории сил ишора ва таъкид шуд, ки мизони маргу мири ношӣ аз ин беморӣ, 50 дарсад кам шудааст.
Бар асоси иттилооти қаблӣ, 80 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 100 сол умр доранд.
Дар соли 2017 милодӣ умед ба зиндагӣ дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон 70 сол ва то авосити қарни ҷорӣ, тули зиндагӣ дар Тоҷикистон ба 76 ва дар кишварҳои ҳамсоя 75 сол эълом шудааст.
То авохири қарни ҷорӣ умед ба зиндагӣ дар Тоҷикистон ба таври мутавассит ба 83.5 сол ва дар кишварҳои ҳамсоя ба 82 сол хоҳад расид.
Ба ин тартиб тоҷикҳо ба таври миёнгин як сол бештар аз ҳамсояҳои худ зиндагӣ хоҳанд кард.