Поёни сафари муовини фармондеҳи неруҳои заминии Амрико ба Тоҷикистон
Муовини фармондеҳи неруҳои заминии Ситоди марказии артиши Амрико, ки барои як сафари серӯза ба Тоҷикистон сафар карда буд, ин кишварро тарк кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс, Терренс Маккенрик дар сафари худ ба Тоҷикистон бо раҳбарони баландпояи ин кишвар ва масъулони сафорати Амрико дар Душанбе, дидору гуфтугӯ кард.
Ин фармондеҳи аршади амрикоӣ дар ин сафар, масоили умдаи амниятӣ дар минтақаро бо мақомҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазароти дифои Тоҷикистон баррасӣ ва барои ҳамоҳанг кардани фаъолитҳои ояндаи артиши ду кишвар, изҳори умедворӣ кард.
Дар ин мулоқот фармондеҳи амрикоӣ бар аҳамияти ҳамкориҳои Вашингтон ва Душанбе таъкид кард.
Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, дорои тӯлонитарин марзи муштарак бо бесуботтарин кишвари Ховари Миёна, яъне Афғонистон мебошад, ки аз замони оғози амалиёти низомии Амрико дар ин кишвар мавриди таваҷҷуҳи Вашингтон қарор гирифтааст.
Душанбе ба таври нохоста барои Амрико нақши «пушти ҷабҳа»- ро бозӣ мекунад, агарчи ҳеч як аз воҳидҳои низомии Вашингтон дар қаламрави ин кишвар вуҷуд надоранд.