Декабр 02, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷаҳонӣ: Аксари мардуми Тоҷикистон рустонишин ҳастанд

Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише таъкид кард, бо вуҷуди афзоиши қобили мулоҳизаи ҷамъияти Тоҷикистон, бештари мардуми кишвар дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Бонки ҷаҳонӣ дар ин гузориш бо унвони “Афзоишу коҳиши ҷамъият дар шаҳрҳои Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” таъкид кардааст, бештари шаҳрҳои Тоҷикистон дорои ҷамъияте камтар аз 50 ҳазор нафар аст .

Бар асоси таҳлили коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, таи солҳои 2000 то 2014, ҷамъияти Тоҷикистон 35 дарсад афзоиш ёфтааст, ки шохиси рушди солонаи он беш аз 2,5 дарсад аст .

Ин дар ҳолест, ки дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ин муддат рушди солонаи ҷамъият 0,31 даҳуми дарсад эълом шудааст .

Бо вуҷуди афзоиши қобили мулоҳизаи ҷамъияти Тоҷикистон бештари мардуми ин кишвар зиндагӣ дар рустоҳоро бар шаҳрҳо тарҷеҳ медиҳанд .

Аз ин рӯ, дар соли 2014 танҳо чаҳор шаҳри бузурги Тоҷикистон аз 18 шаҳри ин кишвар дорои ҷамъияти беш аз 100 ҳазор нафар будаанд .

Шаҳри Душанбе дорои 788 ҳазор нафар, Хуҷанд 172 ҳазор нафар, Қурғонтеппа 103 ҳазор нафар ва Кӯлоб 101 ҳазор нафар ҷамъият доштаанд .

Ҷамъияти шаҳрӣ дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Роғун солҳои 2000 то 2014 ба тартиб 65,78 дарсад афзоиш ёфтааст .

Дар ин муддат, ҷамъияти шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳам панҷ дарсад афзоиш ёфтааст .