Декабр 02, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Раёсати умури дохилаи шаҳри Қӯрғонтеппа

Як корманди милиса дар натиҷаи таркиш дар бинои Раёсати умури дохиилаи вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расид.

Ба иттилои Спутник, корманди милиса, муфаттиш Муҳиддин Зоҳидови 31-сола, ба омӯзиши маводҳои кӯҳнаи тарканда машғул будааст.

Ӯ бояд рақамҳои онҳоро мушаххас карда, дар парванда қайд мекардааст. Муфаттиш дар пайи ин омӯзиш талаботҳои бехатариро риоя накардаст, ки дар натиҷа таркиш ба амал меояд.

Афзун бар ин дар пайи ин ҳодисаи нохуш як корманди дигари ВУД ҷароҳат бардошта ба беморхона интиқол дода шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.