Декабр 03, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Интихоби раиси ҷадиди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон

Раиси ҷадиди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон (ВАО) интихоб шуд.

Ба гузориши расонаҳои хабарии Тоҷикистон, Шаҳло Акобирова, мудири созмони иҷтимоии “Хома”, дар нишасти ахири Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз миёни панҷ номзад ба унвони раиси ҷадиди ин шӯро интихоб шуд.

Вай ҷойгузини Хуршеди Атовулло шуд, ки дар ду соли ахир раҳбарии ин созмонро бар ӯҳда дошт.

Шаҳло Акобирова худро тарафдори озодии ҳарчи бештари расонаҳо донист ва гуфт, собит шуда, ки ҳар як зина поин рафтани мизони озодии баён муодили панҷ дарсад болорафтани фасод дар кишвар аст.

Ӯ бо ибрози нигаронӣ аз фосила доштани рӯзноманигори тоҷик бо стандартҳои журналистикаи ҷаҳонӣ, афзуд, имрӯз барои рӯзноманигори тоҷик фурсатҳои хубе барои ҷавлон додан вуҷуд дорад, ки бояд аз он дар роҳи рушди озодии баён, созандагӣ ва на тахриб ва бадном кардани касе истифода шавад.

Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон соли 2009 ташкил шуда ва як созмони мустақил аст, ки илова бар ҳимоят аз ҳуқуқи хабарнигорон, мӯҳтавои нашрияҳоро ба лиҳози меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ расад мекунад.

Дар гузашта рӯзноманигорон ва муҳаққиқони саршиноси тоҷик, ҳамчун Зинатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода ва Нуруддин Қаршибоев, раҳбарӣ ва мудирияти ин созмонро бар ӯҳда доштаанд.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон 376 рӯзнома, 319 маҷалла, даҳҳо шабакаи радио- телевизионӣ ва 10 хабаргузорӣ фаъолият мекунанд.

Бештари ин нашрияҳо ва расонаҳо хусусӣ ҳастанд, аммо 10 телевизион, 110 нашрия, ҳафт радио ва як хабаргузорӣ (Ховар) бо буҷаи давлатӣ фаъолияти худро идома медиҳанд.