Декабр 03, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддабандии як маркази пажӯҳишии бритониёӣ

Тоҷикистон дар раддабандии имсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бахшҳои омӯзишу парвариш, амният ва дифо ҷойгоҳи худро беҳбуд бахшида аст.

Ба гузориши сойти “Спутник”, маркази пажӯҳшии бритониёии мавсум ба “Legatum”, Тоҷикистонро дар раддабандии имсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷойгоҳи 102 қарор додааст.

Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон аз нигоҳи омӯзишу парвариш дар ҷойгоҳи 54 ва амният ва дифо дар раддаи 49 воқеъ шудааст. Ин гузориш таъкид мекунад, ки Тоҷикистон тайи солҳои ахир барои рушди бахши омӯзиш ва парвариш манобеи молии зиёде ихтисос медиҳад, ки мӯҷиби беҳбуди нисбии авзоъ дар ин замина гардидааст. Дар ин раддабандӣ аз миёни кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд, Русия дар ҷойгоҳи 101, Қазоқистон дар раддаи 72, Қирғизистон 82 ва Беларус дар макони 95 ҷаҳонӣ аз нигоҳи рушд ва пешрафт қарор гирифтаанд.

Меъёрҳои аслии ин раддабандии солона, аз сӯи Маркази пажӯҳшии бритониёии мавсум ба “Legatum”, иқтисод, омӯзишу парвариш, беҳдошт ва дармон, амният, дифо ва озодии сухан ба ҳисоб меояд.