Декабр 03, 2017 16:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории донишгоҳҳои миллии Тоҷикистону Русия дар заминаи дорусозӣ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи дорусозии Пеом дар заминаи пизишкӣ ва дорӯсозӣ қарордоди ҳамкорӣ бастанд.

Ба гузориши равобити умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси Донишгоҳи милли Тоҷикистон Муҳаммадюсуф ва Донишгоҳи давлатии дорусозии Перм Алексей Туришев роҳҳои густариши ҳамкориҳои илмиву омӯзишии ду донишгоҳ дар заминаи дорусозӣ, омодасозии коршиносон ва табодули устодону донишҷӯёнро баррасӣ карданд.

Алексей Туришев ҳамчунин дар ҳамоиши миллии “Тамоюлот ва дурнамоии рушди дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат ва  дар бораи дастовардҳои дорӯсозон дар Русия ва ҷаҳон суханронӣ кард.

Дар ин ҳамоиш масоили назорат бар кайфияти доруҳо дар Тоҷикистон, иҷрои сиёсати давлатии ҶТ дар заминаи дорусозӣ, корбурди равишҳои иқтисоду мудирияти доруҳо (фармакоэкономика) дар амалияи тандурустӣ, самтҳои асосии баҳрагирӣ аз дастгоҳҳои савонигорӣ (хроматографӣ) дар пажӯҳишҳои пешдармонӣ ва дармонӣ, таҳлилҳои химикӣ ва заҳршиносӣ (токсикологӣ) ва дигар мавзуъҳо баррасӣ ва баҳс шуданд.