Декабр 03, 2017 20:10 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз Афғонистон хост ҷинояткорон боздошт шаванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як ёддошти расмӣ аз ҷониби Афғонистон талаб кард, ки қазияи ҳамлаи мусаллаҳонаи шоми 2 декабр дар марзи байни ду кишварро таҳқиқ ва барои боздошти ҷинояткорон иқдом кунад.

Ба иттилои сайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шоми 2 декабр дар як даргирӣ дар марзи Шӯрообод бо Афғонистон сардори отряд полковник Хайриддин Аҳтамов кушта ва 4 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Вазорат гуфтааст, 2 декабри соли 2017 дар мавзеъи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон 12 нафар қочоқбарони мусаллаҳи Афғонистон бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ аз сокинони вилояти Тахор ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданд ва миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст.

Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд.

Тоҷикистон талаб кард, то мақомоти вобастаи ҷониби афғонистонӣ ҳодисаи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд ва ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорони ҳодисаи мазкур иқдом намоянд.

Ҳамзамон, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори умед кард, ки ҷониби афғонистонӣ иқдомоти ҷиддиро пеша намояд, то қисмати сарҳади давлатии ҷониби худро мавриди назорат қарор дода, минбаъд такрор ёфтани ҳаводиси ба ин монандро пешгирӣ намояд.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр тӯл дорад ва дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин марз 26 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 13 қочоқбар кушта, як нафар захмӣ ва 19 тани дигар дастгир шудаанд.

Дар ин муддат дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз қочоқбарон беш аз 1,3 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.