Пайдо шудани кӯдаки гумшудаи тоҷик дар Русия пас аз 10 моҳ
Як духтари 5 солаи тоҷик, ки 10 моҳ қабл дар ҷумҳурии Доғистони Русия гум шуда буд, дар Маскав пайдо шуд.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, пулиси ҷумҳурии Доғистон эълом кардааст, Фарзона- духтари 5 солаи тоҷик, ки 10 моҳ қабл дар қаламрави ин ҷумҳурӣ гум шуда буд, пас аз10 моҳ дар вилояти Маскав пайдо шуд.
Гуфта мешавад дар ин иртибот ду зани сокини шаҳри Хасавюрти Доғистон, ки барои рубудани ин кӯдаки тоҷик мусоидат кардаанд, шиносоӣ ва боздошт шудаанд.
Фарзона ба гуфтаи модараш дар моҳи феврали соли 2016 гум шуд ва вуҷуди талоши тамоми сокинони шаҳри 138 ҳазорнафарии Хасавюрти Доғистон барои ёфтан ӯ натиҷае ҳосил нашуд, аммо саранҷом пас аз ҷустуҷӯи густурдаи неруҳои интизомии Русия, ин духтари тоҷик 1 ҳазору 800 километр дӯртар аз маҳалли зиндагии волидайнаш дар ҷумҳурии Доғистон дар шаҳри Балашихаи атрофи Маскав шиносоӣ шуд.
Мақомоти пулиси ҷумҳурии Доғистон гуфтаанд, ки акнун афроди муртабит бо моҷарои рубудани ин духтари тоҷик, боздошт шуда ва ба иттиҳоми худ эътироф кардаанд.
Мақомоти пулис таъкид кардаанд, аз ибтидои ин моҷаро мушаххас шуда буд қазия одамрабоӣ аст, ки дар ниҳоият бо шиносоии авомили ин ҳодиса, Фарзона пас аз 10 моҳ пайдо ва ба модараш, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, таҳвил дода шуд.