Декабр 04, 2017 13:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Фестивали ҷаҳонии филми муҳоҷират дар Тоҷикистон

Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши сойти “Азия Плюс”, рӯзи 5 декабр, Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират дар Тоҷикистон оғоз ба кор хоҳад кард.

Созмони байналмилалии муҳоҷирати Созмони Милал, ин ҷашнвораро барои аввалин бор дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирин (18 декабр), баргузор мекунад.

Бар асоси ин гузориш, 4 филм дар шаҳри Душанбе намоиш дода хоҳад шуд, ки масоили муҳоҷиронро дар масири «зиндагии беҳтар», муваффақиятҳо ва ҳамчунин рӯйоҳое, ки муҳаққақ нашуда ба намоиш мегузорад.

Ин филмҳо ҳамчунин саҳми арзишмандеро, ки муҳоҷирон дар рушду тавсеаи кишварҳои хориҷӣ ва дохилӣ мегузоранд, ба тасвир кашидаанд.

Уиляма Лейса Суинга, мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират, гуфт, роҳи муҳоҷират гоҳе вақтҳо пур аз моҷароҳои хатарнок ва биму умед аст ва ин мавзӯъ дар таърихи синамо аз лиҳози таърихӣ боқи мемонад. Мо умедворем, ки филмҳои ин ҷашнвора эҳсосот ва дарку ҳамдилиро барои мухотибон ва шахсиятҳои аслӣ эҷод кунанд.

Драган Алексоски, раиси маъмурияти Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, мо умедворем, ки пас аз тамошои филмҳо, баҳсҳои гарм дар мавриди мушкилоти мавҷуд дар мавзуи муҳоҷират ва шеваҳое, ки ҷавомеъ битавонанд аз ин раванд баҳраманд шаванд, ба миён биёяд.

Вай афзуд, барои Тоҷикистон, "муҳоҷират" падидаи ҷадиде нест, зеро дар ин кишвар пайдо кардани фарде, ки яке аз афроди хонавода, ё як дӯсти наздикаш мушкилоти муҳоҷиратӣ дорад, душвор нест. Мо эътиқод дорем, ки дӯстони тоҷик мо ба ин филмҳо нигоҳи мутафовит хоҳанд дошт, зеро "муҳоҷират" танҳо фурсате барои тағйири зиндагӣ барои беҳтар шудан аст.

Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират дар Тоҷикистон то 18 декабр идома хоҳад дошт, вуруд ба филм ройгон аст.

Ин ҷашнвора имрӯза дар беш аз 100 кишвар дар саросари ҷаҳон баргузор мешавад. Филмҳои ҳунарӣ ва мустанади ҷашнвораи кор ва зиндагии рӯзмараи муҳоҷиронро мунъакис мекунанд.