Фаъолияти 40 коргоҳи ҷадиди санъатӣ дар Тоҷикистон
Декабр 04, 2017 13:47 Asia/Dushanbe
Дар даҳ моҳи нахусти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, ҳудуди 40 корхонаи кӯчак ва коргоҳҳои омӯзишӣ дар бахши санъат роҳандозӣ шудааст.
Ба гузориши “Авесто”, дар тӯли ин давра, дар манотиқи мухталифи кишвар коргоҳҳои омӯзишии гуногуне роҳандозӣ шудааст.
Бар асоси ин гузориш, ин ширкатҳои кӯчак дар заминаи тавлиди пахтаи хом, пату, пӯшок, кафш ва ҳамчунин фарш ва мебел фаъолият доранд. Илова бар ин, ба унвони бахше аз барномаи тавсеабахши санъат, афзоиши тавлид дар корхонаҳои нисоҷии кишвар низ барномарезӣ шудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, пас аз роҳандозии ширкатҳои ҷадид теъдоди машоғил низ дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.