Корманди комиссариати ҳарбӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26385-Корманди_комиссариати_ҳарбӣ_ба_иттиҳоми_ришваситонӣ_боздошт_шуд
Ёрдамчии калони сардори шуъбаи комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Парвиз Ҳалимов ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 05, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Корманди комиссариати ҳарбӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

Ёрдамчии калони сардори шуъбаи комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Парвиз Ҳалимов ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ёрдамчии калони сардори шуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Парвиз Ҳалимов аз як шаҳрванд барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар прокуратураи ҳарбии минтақаи Кӯлоб озод намудан 6000 сомонӣ талаб намудааст.

Парвиз Ҳалимов ҳангоми гирифтани маблағи 6000 сомонӣ Парвиз Ҳалимов дастгир гардид. 

Нисбати Парвиз Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.