Тағйироти кадрӣ дар ВУХ-и Тоҷикистон
(last modified 2017-12-05T14:52:51+00:00 )
Декабр 05, 2017 19:52 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар ВУХ-и Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо судури ҳукме сафири ин кишвар дар Беларус ва се ҷумҳурии Каронаи Балтикаро барканор кард.

Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Қозидавлат Қоимдодов, ки аз соли 2009 сафири ин кишвар дар Беларус, се ҷумҳурии Каронаи Балтика ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар сохторҳои ИДМ буд, аз ин симматҳо барканор ва бознишаста шудааст. Ҳамчунин дар ҳукми дигари раисҷумҳури Тоҷикистон Муҳаммадшариф Ҳақдод, муовини вазири умури хориҷии ин кишвар аз ин симмат барканор ва ҷойгузини Қоимдодов дар масъулиятҳои ёдшуда таъйин шуд. Аз сӯйи дигар Эмамалӣ Раҳмон дар ҳукме Зоҳир Саидзодаро ба мақоми муовини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мансуб кард.