Баррасии тарҳҳои иқтисодӣ дар парлумони Тоҷикистон
Декабр 06, 2017 07:37 Asia/Dushanbe
Баррасии чанд тарҳи молӣ ва иқтисодӣ дар ҷаласаи имрӯзи парлумони Тоҷикистон дар дастури кор қарор гирифт.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, эътои эътибор барои такмили эҳдоси роҳи заминии Кӯлоб ба Қалъаихум, аз ҷумлаи ин тарҳҳо аст.
Роҳи заминии Кӯлоб ба Қалъаихум дар чанд марҳала, тавассути ширкатҳои туркӣ ва эронӣ дар дасти сохт ва такмил аст.
Роҳ заминии Кӯлоб ба Қалъаихум, ду вилояти ҳаммарз бо Афғонистон, яъне Хатлон ва Бадахшонро ба ҳам пайванд медиҳад.
Аз дигар барномаҳои имрӯзи (чаҳоршанбе) намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон, тасвиби тағйироте бар Қонуни озодии виҷдон ва ниҳодҳои динӣ аст.