Декабр 06, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • 125 миллион доллар барои пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2018

Вазорати молияи Тоҷикистон аз пардохти 125 миллиону 400 ҳазор доллар аз ҳисоби буҷети давлат бобати қарзи хориҷӣ дар соли 2018 хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, ин маблағ муодили 1,6 даҳуми дарсад аз мизони тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст .

Аз сӯи дигар, давлати Тоҷикистон қасд дорад, таии се соли оянда 850 миллион доллар қарзи хориҷӣ барои иқтисоди ин кишвар ҷазб кунад .

Ин маблағ соли 2018 беш аз 195 миллион доллар, соли 2019 беш аз 296 миллион доллар ва соли 2020 ба 354 миллиону 700 ҳазор доллар хоҳад расид .

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ду миллиарду 803 миллион доллар аст, ки бахши умдаи он мутааллиқ ба Бонки давлатии воридоту содироти Чин аст .

Ҳамчунин бахше аз ин қарзи хориҷӣ мутааллиқ ба Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки рушди исломӣ ва Бонки рушди Осиёст .