Декабр 06, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндони як узви гурӯҳи Салафия дар шимоли Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғди Тоҷикистон як шаҳрванди ин ноҳияро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуи Салафия ба панҷ сол зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Мақсуд Фирӯзҷон, раиси додгоҳи ноҳияи Панҷакент гуфтааст, Шоҳрух Камолови 31 сола довталабона ба гурӯҳи Салафия пайваста ва то замони боздошташ ба таблиғи афкори ин гурӯҳи ифротӣ машғул будааст .

Вай таъкид кардааст, Шоҳрух Камолов соли 2012 таҳти таъсири таблиғоти фарде ба номи Хоҷа Мақсуд дар масҷиди ҷомеи ноҳияи Панҷакент ба гурӯҳи Салафия пайваста буд .

Ин сокини ноҳияи Панҷакент то замони боздошташ аз сӯии нерӯҳои полиси ин ноҳия дар тобистони соли ҷорӣ, дар миёни аъзои хонавода ва дӯстонаш афкори гурӯҳи Салафияро таблиғ мекардааст .

Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд даҳҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Салафия боздошту ба зиндон маҳкум шудаанд .

Фаъолияти гурӯҳи Салафия дар Тоҷикистон ду бор дар солҳои 2009 ва 2014 ба унвони созмоне ифротӣ аз сӯи додгоҳи олии кишвар мамнуъ шудааст .