Нигаронӣ аз вазъи саломатии Зайд Саидов дар зиндон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26435-Нигаронӣ_аз_вазъи_саломатии_Зайд_Саидов_дар_зиндон
Наздикони Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон мегӯянд, аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон хеле нигаронанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 06, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз вазъи саломатии Зайд Саидов дар зиндон

Наздикони Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон мегӯянд, аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон хеле нигаронанд.

Ба иттилои Ахбор, Зайд Саидов, ки 29 сол ҳукми зиндонашро дар маҳбаси Роҳатӣ, маъруф ба зиндони “Кирпичний” адо мекунад, бо вуҷуди он ки маъюби модарзодӣ аст, ба рӯйхати “маҳбусони моил ба фирор” шомил карда, таҳти фишори вижаи зиндонбонҳо қарор додаанд.

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ гуфт, хабарҳо дар бораи вазъи саломатии падараш дар маҳбас ба онҳо ҳам расидааст ва аҳли хонавода аз вазъи саломатии ӯ хеле нигарон ҳастанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, мақомоти зиндон Зайд Саидовро бо вуҷуди онки маъюб аст, ба рӯйхати маҳбусони моил ба фирор шомил кардаанд. Чунин маҳбусон бояд ҳар рӯз дар ҳар ду соат як дафъа сарфи назар аз вазъи обу ҳаво худро сабти ном кунанд. Агар дар тобистон ин сабти номи маҳбусони моил ба фирор дар зери ҳавои тасфон сурат бигирад, дар фасли сармо маҳбусон маҷбуранд дар зери боду борон ва дар ҳавои сард мунтазири навбати худ бинишинанд, ки зиндонбонҳо кай онҳоро сабти ном мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, Зайд Саидовро дар ҳуҷраи хоби маҳбас низ амдан дар назди дар, дар як ҷои шамолгузар ҷой кардаанд ва аз ин вазъи ӯ, ки маъюби модарзодӣ аст, боз ҳам бадтар шудааст.

Зайд Саидов солҳои 2002-2006 дар мақоми вазири саноати кишвар кор кард. Баъди рафтан аз мақом Зайд Саидов ба тиҷорат баргашт ва яке аз нафарони пештоз дар бозори сохтмони пойтахти Тоҷикистон шуд.

Зайд Саидов моҳи майи 2013 баъди эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав боздошт ва бо иттиҳомоти иқтисодӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

То кунун бисёриҳо дар Тоҷикистон мутмаинанд, ки Зайд Саидовро беасос ва бо тӯҳмат зиндонӣ кардаанд.