Декабр 07, 2017 11:28 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳи қонуни фаъолияти созмонҳои динӣ ва озодии эътиқод

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонуни “Фаъолияти созмонҳои динӣ ва озодии эътиқод" дар ин кишвар ислоҳия ворид кард.

Ба гузориши сайти Toptj.com, яке аз бандҳои ислоҳшуда дар ин қонун, мамнуъияти омӯзиши динии шаҳрвандони ин кишвар дар марокизи омӯзишии кишварҳои хориҷӣ аст.

Ҷаббор Аҳмдов узви маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси ин ислоҳия, омӯзишҳои динии шаҳрвандони ин кишварро ниҳодҳои масъули давлатӣ бар уҳда хоҳанд дошт.

Вай мӯътақид аст, ки ин ислоҳия сабаби тақвияти нақши давлат дар умури динии мусулмонони Тоҷикистон хоҳад шуд ва аз рафтани ҷавонони ин кишвар ба хориҷ ва таҳсили онон дар марокизи омӯзишии исломӣ, ки сабаби гароиши ин афрод ба гурӯҳҳо ва фирқаҳои ифротӣ мешавад, ҷилавгирӣ мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон танҳо як донишкадаи исломӣ вуҷуд дорад, ки дар ду соли гузашта ҳеҷ духтареро барои таҳсил дар ин марказ напазируфтааст.

Ҳамчунин теъдоде аз донишҷӯёни писар низ аз кайфияти омӯзиш дар ин донишкада шикоят доранд.

Дар ҳамин ҳол Фаридун Ҳодизода коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мӯътақид аст, мамнӯъияти таҳсили шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷ, роҳи ҳалли мушкил нест ва теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик аз тариқи интернет улуми диниро фаро мегиранд.

Аз сӯи дигар дар Тоҷикистон теъдоди донишмандони исломии саршинос ангуштшумор аст ва бештари онон аз ҳақи тадрис маҳрум шудаанд. Аз ин рӯ Тоҷикистон наметавонд аз нигоҳи омӯзишҳои исломӣ бо кишварҳои дигар рақобат кунад.